Мулоқоти С. Аслов бо намояндагони расмии Покистон
Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- 8 декабри соли 2015 дар доираи сафари корӣ ба Исломобод вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо як гурӯҳ ашхоси расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот доир намуд.
С.Аслов бо мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва корҳои хориҷӣ Сартоҷ Азиз, вазири банақшагирӣ, рушд ва ислоҳот Аҳсан Иқбол ва вазири федеролии об ва энергетика Хоҷа Муҳаммад Осиф вохӯриҳо анҷом дод.
Зимни мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба баррасии натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон моҳи ноябри соли равон ва татбиқи мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда зоҳир гардид.
Мубодилаи афкор инчунин дар атрофи масоили мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






