Мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Ҳелга Шмидт
Душанбе, 9.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 9 декабри соли ҷорӣ дар Исломобод дар ҳошияи конфронси панҷуми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмидт баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба пайомадҳои ногувори ҳодисаи заминларзаи 7 декабри соли 2015 дар Тоҷикистон ва бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ табодули назар карданд.
Ҷонибҳо инчунин масоили ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро муҳокима намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






