Мулоқоти Т. Каримзода бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Санкт — Петербург

Декабрь 17, 2015 11:20

Душанбе, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода бо директори Маркази машваратӣ ва омодагии касбии муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират Суҳроб Тошев ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Мирзозода 16 декабр дар бозори марказии шаҳри Санкт — Петербург бо 300 муҳоҷири меҳнатӣ вохӯрӣ намуданд.
Дар мулоқот инчунин 200 нафар аъзои ташкилоти ҷамъиятии муқими Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, аз ҷумла, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Сомониён» — Аҳтам Маҳмудов, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Аҷам» — Мурод Усмонов ва раиси ташкилоти ҷамъиятии «Ватан» — Бахтибек Бердиев иштирок намуданд.
Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград бо дарки муҳимияти кумак ва дастгирии ҳамватанон байни якдигар амал намуда, бисёр корҳои вобаста ба дастгирии муҳоҷирони меҳнатиро дар якҷоягӣ ҳал менамоянд. Аз ин ҷост, ки ин ташкилоти ҷамъиятӣ дар «Хонаи миллатҳо» — и шаҳри Санкт — Петербург шӯрои ҳамоҳангсозӣ ташкил карда, чорабиниҳо ташкил мекунанд.
Ташкилоти ҷамъиятии «Сомониён», «Аҷам» ва «Ватан» ҳамчунин аъзои Шӯрои ҷамъиятии Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Санкт — Петербург ва вилояти Ленинград буда, ҳамеша бо роҳбари он — Елена Дунаева ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд.
Барои бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, саҳми ташкилотҳои ҷамъиятии «Сомониён»,  ки бештар бо сохтмон машғул аст, хеле калон мебошад. Ташкилоти мазкур зиёда аз 200 муҳоҷири меҳнатии тоҷикро бо ҷои кор таъмин намуда, дар қонунӣ гардонидани будубош ва ҳуҷҷатнигории онҳо кумак мерсонад. Ҳамчунин муҳоҷирзанонро бо ҷои кор ва шароити хуб таъмин намуда, маоши онҳоро аз 30 ҳазор то 70 ҳазор рубли русӣ муқаррар кардааст.
Зимни вохурӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ сардори Хадамоти муҳоҷират доир ба ҳолати будубош, шароити корӣ, мушкилоти муҳоҷират пурсон шуд. Ҳамзамон  сардори Хадамот ба муҳоҷирони меҳнатӣ доир ба риоя кардани қонунгузориҳои Федератсияи Русия, сари вақт омода кардани ҳуҷҷатҳо, муроҷиат намудан ба намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давлат ва ҷамъиятҳои тоҷикон, омўзиши касбӣ, донистани забони русӣ ва пеш аз ҳама, нишон додани маърифати баланди миллии тоҷикӣ ҳамчун намояндагони мардуми тоҷик маслиҳатҳои муфид дод.

 

 

Декабрь 17, 2015 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа