Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Олмон
Душанбе, 5.12.2015. (АМИТ “Ховар”). — 4 декабри соли 2015 дар Белград, Сербия дар ҳошияи иҷлоси 22-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Волтер Штайнмайер баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо авлавиятҳои Олмон дар давраи раёсаташ дар САҲА дар соли 2016, инчунин масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар давраи солҳои 2015-2020-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо инчунин дар атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва омилҳои ба амнитяти минтақа ва ҷаҳон таҳдидкунанда мубодилаи афкор намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






