Муносиботи соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон таҳким меёбад
Душанбе, 1.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Гардиши мол миёни Тоҷикистону Лаҳистон дар сатҳи баланд набошад ҳам, вале талошҳои дуҷониба барои бештар гардидани муносиботи тиҷоратӣ идома дорад, зеро маҳсулоте, ки корхонаҳои саноатии ин кишвар истеҳсол мекунанд, дар бозорҳои Тоҷикистон аллакай мавқеи худро пайдо кардааст. Инчунин аз Тоҷикистон низ молу маҳсулоти гуногун ба ин кишвар роҳ ёфта, дар бозорҳои дохилии Лаҳистон харидорони худро пайдо кардаанд. Намояндагии ин кишвар дар Тоҷикистон бо ҷалби соҳибкорону тоҷирон талош дорад, то содироти маҳсулоти кишоварзиро аз Тоҷикистон ба Лаҳистон бештар намояд. Инчунин масъулон аз ҳарду ҷониб талош доранд, то муносиботи иқтисодию тиҷоратии миёни ду кишвар бештар гардад. Ин нуктаҳо дар машварате, ки бахшида ба рӯзи «Дарҳои кушоди Ҷумҳурии Полша дар Тоҷикистон», ки имрӯз дар Палатаи савдо ва саноати кишвар баргузор шуд, таъкид гардид.
Инчунин дар чорабинӣ масъулин аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, муносиботи иқтисодию тиҷоратии ду кишварро хуб баҳодиҳӣ карданд.
Баргузории ин гуна чорабиниҳоро масъулин дар таҳкими муносиботи миёни давлатӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мусбат арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки муаррифии иқтидори истеҳсолии Тоҷикистон ба соҳибкорони Лаҳистон ва аз Лаҳистон ба Тоҷикистон имконеро фароҳам меорад, ки заминаҳои боэътимоди ҳамкории гуногунҷанбаъ гузошта шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






