Мусоидати JICA ба хизматрасонии аэронавигатсионӣ
Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — JICA бо Вазорати нақлиёти ҶТ ҳамкории дуҷонибаро дар самти нақлиёти ҳавоӣ ва роҳҳо вусъат мебахшад. Дар доираи ин ҳамкорӣ Созмони ҳамкории байналмилалии Ҷопон JICA бо Вазорати нақлиёт ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» санади муҳокимаи татбиқи лоиҳаи ҳамкории техникӣ оид ба беҳтар намудани хизматрасонии ҳаракати ҳавоиро ба имзо расонд.
Роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Ишии Киёши зимни мулоқот зикр намуд, ки ҳамкории JICA дар соҳаи нақлиёт аз самтҳои муҳим дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, мувофиқи барномаи мазкур ҳукумати Ҷумҳурии Ҷопон ҳамкории техникиро дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ва автомобилӣ амалӣ менамояд. Барнома имкон медиҳад, ки сатҳи дониши кормандони «Тоҷикаэронавигатсия» баланд гардида, ба талаботи созмони байналмилалии авиатсионӣ (ИКАО) мутобиқ шавад. Лоиҳаи мазкур аз се бахш иборат буда, бахши аввали он боздиди мутахассисони ҷопонии соҳаи аэронавигатсионӣ аз Тоҷикистон, бахши дуюм омўзиши муназзимон дар хориҷи кишвар ва бахши сеюм дастрасии маводи таълимӣ барои машқро дар бар мегирад.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати нақлиёт иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






