Нақли Аҳмад дар бораи фирораш аз дасти террористони ДОИШ
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Писарбачаи ироқӣ Аҳмад, ки тавонист аз дасти террористони гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» фирор кунад, дар бораи раҳоияш нақл кард», — менависад “Daily Mail”.
Вақте, ки ҷангиён ба деҳаи Аҳмад, Кочо ҳуҷум карданд, ӯ ҳамагӣ даҳ сол дошт: онҳо 800 сокини маҳаллиро дар як саф қатор карда, ҳамаро парронданд, аз ҷумла занон ва кӯдаконро. Писарбачаҳоро то синну соли муайян зинда нигоҳ дошта, баъдан онҳоро ба пойгоҳҳои махсуси таълимӣ барои омӯзиши сарбозони навраси ДОИШ «Кӯдакони хилофат» равон мекарданд, ки Аҳмад низ ба он ҷо афтид.
Ба гуфтаи ӯ, он ҷо кӯдаконро ба қотилони ваҳшӣ табдил медоданд. Онҳо аллакай ба Аҳмад истифода аз силоҳ ва тактикаи ҷангиро омӯхта буданд. Аҳмад нақл кард, ки ҷангиён ҳамчунин кӯдаконро барои сабти наворҳои видеоии таблиғотӣ, ки онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой мекунанд, истифода мебаранд. Дар якҷоягӣ бо Аҳмад ҷангиён тақрибан 100 писарбачаи дигарро аз кишварҳои гуногун, чун Марокаш, Афғонистон, Алҷазоир, Тунис, Урдун ва Олмон дар пойгоҳи кӯдакона нигоҳ медоштанд.
Аҳмад дар ин пойгоҳ қариб нӯҳ моҳ қарор дошт ва ниҳоят ба ӯ муяссар гардид, ки фирор кунад. Акнун ӯ дар як ҳуҷраи пинҳонӣ дар якҷоягӣ бо даҳҳо нафари дигар чун худаш дар Штутгарт зиндагӣ мекунад. Аммо модари ӯ дар Ироқ монд, дар интизории хабари падар ва бародари калониаш, ки ҳоло дар дасти террористон қарор доранд: ин зан аз он дар ҳарос аст, ки дар ҳар вақт ҷангиён метавонанд онҳоро ба қатл расонанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






