Нақшаи пардохтҳои суғуртавӣ дар Ваҳдат 138 фоиз иҷро гардид
Ваҳдат, 2.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Ваҳдат аз ҳисоби ҳама намудҳои суғурта дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 1 миллиону 664 ҳазору 176 сомонӣ пардохти суғуртавӣ ворид гардид, ки ба 138 фоизи нақша баробар аст. Пардохтҳои воридгардида дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 175 ҳазору 959 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра аз рӯйи ҳама намудҳои сууғурта бо 25 ҳазору 307 нафар шартномаи суғуртавӣ баста шуд. Дар соли 2015 ба 1 ҳазору 401 нафар барои зарари расида ба ҳаёту саломатӣ ва амволашон дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва садамаҳои нақлиётӣ ба маблағи 1 миллиону 20 ҳазор сомонӣ суғуртапулӣ дода шуд.
Дар соли равон ба буҷети ҷумҳурӣ 632 ҳазору 209 сомонӣ андоз пардохт гардид, ки 80 ҳазор сомонии он андози фонди ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






