Намоиши ҳунарҳои дастии 35 ҳунарманд дар Наврӯзгоҳ
Душанбе, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз дар бинои «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо иштироки ТҶ «Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон» конфронс доир гардид. Дар конфронс тарроҳон, аз ҷумла Нафиса Имронова, Хуршед Сатторов ва Фарвардин Оташин дар бораи сафарҳое, ки ба хориҷи кишвар доштанду Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд, гузориш доданд.
Ҳамчунин доир ба фаъолияти ТҶ «Иттифоқи Ҳунармандони Тоҷикистон» директори иҷроияи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Нигина Икромова чунин гуфт: «ТҶ «Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон» бо ҳамаи ҳунармандон, тарроҳон ва ташкилоте, ки ба фаъолияти ҳунармандӣ машғуланд, якҷоя кор мекунад ва тасмим гирифтааст, ки бахшида ба Соли нав намоиши аввалини худро ташкил намояд ва маҳсулоти ҳунарҳои дастии ҳунармандонро пешкаши харидорону тамошобинон намояд».
Ёдовар мешавем, ки 26-27- уми декабр дар бинои «Наврӯзгоҳи пойтахт» намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои дастии 35 ҳунарманд ва тарроҳи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад. Ҳоло 95 ҳунарманд аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ аъзои «Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон» мебошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






