Нигаронии Вазорати маориф ва илм оид ба масъалаи дур мондани духтарон аз таҳсил
Душанбе, 03.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар соли хониши 2014-2015 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 209 духтари мактабхон бо сабабҳои гуногун аз таҳсил дур мондаанд, ки қисмати зиёди он ба вилояти Хатлон рост меояд. Дар ин бора Фирӯза Ғаниева-сармутахассиси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 3 декабр зимни баргузории мизи мудаввар бахшида ба 16-умин солгарди қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” иброз дошт.
«Тибқи маълумоти оморӣ теъдоди духтарони аз таҳсил дурмонда дар вилояти Суғд 23 нафар, вилояти Хатлон 145 нафар ва дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 45 нафарро ташкил медиҳад»,-афзуд Фирӯза Ғаниева. Ба гуфтаи номбурда, яке аз сабабҳои асосии аз таҳсил дур мондани духтарон, бахусус дар ноҳияҳои дурдаст- ин дар масофаи дур ҷойгир будани мактабҳо мебошад.
Масъулини Вазорати маориф ва илми кишвар иброз доштанд, ки барои ҳалли ин масъалаи нигаронкунанда корҳои махсусро роҳандозӣ намуда истодаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






