Никоҳ барпо кардан ба хотири ҳавою ҳавас нест
Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Аз нигоҳи Қуръон яке аз вазифаҳои асосии пайрави ислом будан ин никоҳ барпо кардан аст. Никоҳ барпо кардан на ба хотири ҳавою ҳавас, балки ба хотири идома додани насли солими инсон аст. Вақте ки зану мард иқдом мекунанд, ки оила барпо кунанд, бояд дар зеҳни онҳо фикре бошад, ки онҳо ҳатман фарзанд дошта бошанд»,- гуфт директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзулло имрӯз дар конфронси илмӣ- амалӣ бахшида ба Соли 2015- соли оила, ки дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи имоми Аъзам- Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит баргузор гардид.
Ҳамчунин дар конфронс зикр гардид, ки оилаи солим афроди солиму коромадеро ба ҷомеа пешкаш мекунад, вале оилаи носолим афроди носолим ва ҷинояткору мушкилофарро. Рӯйдодҳои хонаводагӣ дар сарнавишти афрод таъсири зиёд расонида метавонанд, робитаҳои нохушоянди волидайн, талоқ ва парокандашавии аъзои оила мушкилоти зиёде барои афроди ҷомеа ва махсусан фарзандон эҷод мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






