Норак: андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ иҷро нагардид

Декабрь 1, 2015 06:10

Норак, 1.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар   нуҳ  моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Норак нақшаи ҷамъоварии маблағи андозҳо 130 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 16,6 млн сомонӣ нақшаи пешбинишуда, 21,6 млн сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба  нақша  4,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Гарчанде нақшаи қисми даромади буҷет иҷро гардид, вале як намуди  андоз пурра иҷро нагардид, ки ин андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ буда, он  71,13 фоиз иҷро шуд  ё ин ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида  5,3 млн  сомонӣ   кам  маблағ ба буҷет  ворид гардид.
Қисми хароҷоти буҷет аз рўи нақшаи пешбинишуда  92,6 фоиз таъмин шуд.
Қарздорӣ аз андозҳо ҳамагӣ то 1  сентябри  соли 2015 382,4 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба аввали сол 80,9 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст. Қарзи андози  иҷтимоӣ   аз ин шумора 118,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.  
Новобаста  аз корҳои  ба анҷомрасида сардорони  нозироти андоз ва Раёсати молияи шаҳрро  зарур аст, ки  баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта  ва таъмини саривақтии иҷрои намудҳои андоз, пешгирии афзоиши бақияпулиҳо ва назорати истифодаи дурусти маблағҳои буҷетӣ  тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Декабрь 1, 2015 06:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид