Нуробод: муҳоҷирати дохилӣ идома дорад
Нуробод, 9.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо оғоз гардидани сохтмони НБО-и Роғун танҳо аз ноҳияи Нуробод зарурати кӯчонидани 42 деҳа, 2876 хоҷагӣ, 2147оила, ки зиёда аз 24200 нафар аҳолиро ташкил медиҳад, аз ҳафт ҷамоати деҳот ба миён омад.
Мувофиқи ҷадвал бояд дар соли 2009 737 оила, 3551 нафар аз ҷамоати деҳоти Комсомолобод, деҳаи Сари пул 192 оила, маҳаллаи Поён 72 оила, маҳаллаи Фурудгоҳ 32 оила, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия 52 оила ва аз ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ деҳаи Чорсада 230 оила ва деҳаи Алигалабони поён 22 оила кӯчонида мешуд.
Дар асоси нақшаи муҳоҷират аз марҳилаи якуми зериобмонии солҳои 2009, 2012, 2014 то ба имрӯз 722 хоҷагӣ ва оилаҳо аз деҳаҳои Чорсада 233 оила, Алигалабони поён 33 оила, маҳаллаи Поён 72 оила, деҳаи Фурудгоҳ 33 оила, деҳаи Сари пул 190 оила,, хоҷагиҳои зери хавф ва кормандони дастгоҳи раис 43 оила бо замин, таҳкурсӣ ва хонаҳои истиқоматӣ таъмин шудаанд.
То имрӯз дар ноҳияи Данғара аз марҳилаи якум 256 оила дар маҳаллаҳои 1,2,3 бо замин ва таҳкурсӣ таъмин гардидаанд. Дар мавзеи Моинкаҷ ва Теппаи Самарқандии ноҳияи Рӯдакӣ 261 оила ва дар шаҳри Турсунзода 6 оила бо таҳкурсӣ ва 372 сардорони хоҷагию оилаҳо бо қитъаи замин таъмин гардидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






