Обама Эрдуғонро ба баровардани неруҳояш аз Ироқ даъват кард
Душанбе, 19.12.2015. (АМИТ «Ховар»). – Президенти ИМА Барак Обама бо президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Зимни гуфтушунидҳо раҳбари Амрико аз ҳамтои туркиаш даъват кард, ки барои муътадилии ташаннуҷи муносибатҳо бо Ироқ чораҳо андешад. Аз ҷумла, Обама оид ба баровардани неруҳои Туркия аз Ироқ изҳори назар кард.
Ҷонибҳо ҳамчунин вазъият дар Сурия ва мубориза бо ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл ноиби президенти ИМА Ҷо Байден ҳукуматдорони Туркияро даъват кард, ки неруҳояшонро аз қаламрави Ироқ бароранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






