Ҳодисаи беш аз ҳама хабарсози соли 2015 кадом аст?
Душанбе, 7.12.2015 (АМИТ «Ховар»). – То анҷоми соли равони 2015 камтар аз як моҳ мемонад, вале аз ҳозир метавон баъзе ҳодисаҳои солро пешакӣ натиҷагирӣ кард. Мувофиқи солшумории Мучал 2015 соли гӯсфанд аст ва бар асоси боварҳои мардумӣ соли гӯсфанд табиатан орому нарм дониста мешавад. Мувофиқи солшумории шарқӣ ҳар соли навбатии Мучал аз баробаршавии баҳории шабу рӯз оғоз меёбад, вале бо назардошти он ки Тоҷикистон мисли аксар кишварҳои дигари олам таърихи тақвимии худро аз моҳи январ оғоз мекунад, метавон баъзе нишондодҳои солро дар моҳи декабр ҷамъбаст кард.
АМИТ «Ховар» миёни хонандагони худ бо унвони «Ҳодисаи беш аз ҳама хабарсози сол кадом аст?» назарпурсӣ мекунад, ки натиҷаҳои он баъд аз ду ҳафта, 21-уми декабри соли 2015 ҷамъбаст хоҳад шуд. Ба андешаи Шумо кадоме аз ин ҳодисаҳои соли 2015 бештар таваҷҷуҳи одамонро ба худ ҷалб карда, боиси паҳн шудани хабарҳои мухталиф, тағйир ёфтани вазъият, ворид шудани таҳаввулоти ҷиддӣ шуданд:
— Қатли Фархунда дар Афғонистон
— Офати табиӣ дар Бадахшон
— Кӯшиши табаддулот дар Душанбе
— Марги Умаралӣ Назаров дар Санкт-Петербург
— Марги муҳоҷиркӯдаки курдӣ дар баҳр
— Амалиёти неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия дар Сурия
— Ҳамлаи тайёраи F-16-и Туркия ба тайёраи Су-24-и Русия








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






