«Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-қолабро бояд шикаст
Душанбе, 5.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар барномаи таълимии мактаби миёна омўзиши қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳои мошингард рўз аз рўз аҳамияти бештар пайдо мекунад. Солҳои пеш барои гузаронидани дарсҳои «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» соатҳои алоҳида пешбинӣ шуда буданд ва маблағгузорӣ мегардиданд. Аз чӣ сабаб бошад, ки имрўз ба ин масъала аҳамияти зарурӣ дода намешавад. «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» танҳо дар синфҳои 1-7 дар ҳаҷми 17 соат дар соатҳои тарбиявӣ аз тарафи роҳбарони синфҳо гузаронида мешаванд, ки дар шароити имрўза қонеъкунанда нестанд. Озмунҳое, ки имрўз мақомоти вилоятиву минтақавии БДА дар маҳалҳо бо номи «Чароғаки роҳнамо» мегузаронанд, самараи хуб намебахшанд, чунки дар онҳо ҳавасмандгардонии муаллимони дарсдиҳанда пешбинӣ нагардидааст. Шартҳои озмун аз «Саломнома», намоиши саҳначаҳо, муошират, саволу ҷавоб байни дастаҳо ва ҷавоби дастаҳо ба саволҳои тамошобин иборатанд, киин қолаби куҳна аст.
«Агар мақомоти БДА — и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ барои таълими «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард» маблағҳои муайян ҷудо мекарду дарсҳоро кормандон, мутахассисони Бозрасии давлатии автомобилӣ ё муаллимони ихтисосманд мегузарониданд, натиҷаҳо самарабахш мешуданд. Дар баробари омўзонидани «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» ба хонандагон фаҳмонидани татбиқи чораҳое, ки барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, аҳамияти калон дорад, чунки кўдак агар нафаҳмад, ки барои вайрон кардани қоидаҳо одамон низ ҷазо мегиранд, дарсро сатҳӣ мепиндорад»,- мегӯяд Р. Кокулов, директори мактаби № 54, ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ.
Ҳодисаҳои нохуше, ки ҳар рўз дар роҳҳои мошингард ҳангоми роҳро убур кардани кўдакон ва бозии онҳо дар роҳҳо рух медиҳанд, бозгўи ин маъниянд.
Таълими «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қолабшиканиро интизор аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






