Омонҷон Очилов — ҷоизадори чемпионати ҷаҳон
Душанбе, 18.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Омонҷон Очилов — милитсионери қаторӣ, курсанти курси якуми факултети №4-и Академияи ВКД, дорандаи камарбанди сиёҳ, рӯзҳои 12-13 декабри соли 2015 дар мусобиқаҳои 5-умин чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ- до, ки дар шаҳри Волгогради Федератсияи Русия баргузор гардид, ширкат варзида, дар вазни 76 кг аз ҳисоби даставӣ бо варзишгарони дастаҳои ҷумҳуриҳои Арманистону Қазоқистон ғалаба кард ва дар финал ба варзишгари Федератсияи Русия дастболо шуда, сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид.
Ҳамзамон дар мусобиқа аз рӯи вазни 76 кг ҳунарнамоӣ карда, соҳиби ҷойи 2-юм ва медали нуқра гардида, бо ду медал ба Ватан баргашт.
Мавриди зикр аст, ки Омонҷон рӯзҳои 21-26 октябри соли 2015 низ дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия дар мусобиқаҳои чемпионати ҷаҳон оид ба навъи каратэ-до иштирок намуда, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ кард. Дар ду навъи мусобиқа Омонҷон Очилов соҳиби медали биринҷӣ ва нуқра гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






