Ғончӣ: мулоқоти судманд бо хонандагон
Душанбе, 4.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Ғончӣ мулоқоти роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ сурат гирифт. Рустам Ҷӯраев — раиси ноҳияи Ғончӣ иқдоми ҳукумати вилояти Суғдро барои тарғибу ташвиқи дастовардҳои донишгоҳ нек арзёбӣ карда, онро имкони беҳтарин барои интихоби дурусти ихтисос ва касби ояндаи довталабон унвон намуд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев зикр намуд, ки бо дастури раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ин чорабинӣ сурат гирифта, барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ кумаки амалӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мебошад.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудов гуфт, ки тамоми ихтисосҳои замони муосир ва рӯзмарра дар донишгоҳи онҳо мавҷуданд. ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров имконот, захира ва пойгоҳи муқтадири таълимиву тарбиявӣ дорад ва барои тарбияи мутахассисони баландихтисос саъйи комил менамояд. Дастоварди як соли охири донишгоҳ гувоҳи он шуда метавонад.
Хатмкунандагон доир ба вазъи таҳсил, шароити хобгоҳҳо, номгӯйи ихтисосҳо, маблағи шарномаҳо ва дигар имтиёзоту муқаррарот ба ректорони донишгоҳу донишкадаҳо суолҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






