Қонуни сарнавиштсоз-паёмбари қалбҳо

Декабрь 11, 2015 10:18

Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳ ва ташкилоти соҳавии иттифоқи касаба маҷлиси машваратӣ баргузор шуд. Иштирокдорони нахуст ба қабули Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» таваҷҷуҳ карданд. Раиси федератсия Салимзода Шерхон Одина таъкид дошт, ки ин қонуни сарнавиштсоз паёмбари қалбҳои мардуми Тоҷикистон аст. Дар асл мардум хеле барвақт ба Сарвари давлат ин номро сазовор дониста буданд. Хуб шуд, ки маъвои дили мардуми Тоҷикистон ба ҳукми қонун даромад. Ширкаткунандагони дигар низ қабули ин қонунро барои шинохти миллате, ки фарзандони баруманди худро қадр мекунад, иқдоми саривақтӣ ва муҳим донистанд. 
Дар ташкилоти ҳамузви федератсия низ ин қарорро хуб пазируфтанд ва барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ,  рушди ҷомеа ва боло бурдани ҳувияти миллӣ муҳим донистанд. 
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

 

 

 

Декабрь 11, 2015 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд