Паланг «Амур» бо буз «Темур» дӯст шуданд

Декабрь 2, 2015 09:53

Душанбе, 2.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Паланг Амур бо бузе  бо номи Темур, ки ба ӯ барои хӯрдан оварда буданд, дӯст шуд. 
Буз барои зиндагӣ бо ин  дарранда ва ҳифзи ҳуқуқҳои хеш пофишорӣ мекунад. Палангу буз чанд рӯз аст, ки якҷоя зиндагӣ доранд. Ҳатто буз Амурро, ки дар “Китоби Сурх” сабт шудааст, аз ҷои хоб берун кард.  
Дар  аксе, ки  маъмурияти боғи Сафари гирифтаанд, буз хобгоҳи даррандаро аз худ кардаасту паланг маҷбуран  бомро макони хоб қарор додааст.   
«Мо дар давоми сол ду бор дар як ҳафта ба палангон  тӯъмаи зинда медиҳем.  Паланг Амур, ки борҳо бузғолаву бузҳои калонро кушта буд, ин дафъа бо эҳтиёт ба ин тӯъмааш муносибат кард. Ин буз хеле ҷасур буда, ба ҳар ҳуҷуми Амур шохҳояшро нишон дода, ҷавобан ҳамла мекард.   Паланги эҳтиёткорро ин кори буз ба изтироб овард ва нахост дигар бо бузи якрав сар ба сар шавад ва аз баҳраш гузашт”,-иқтибос овардааст директори боғ Дмитрий Мезентсев.  
Барои шуҷоат ва ҷасорат кормандони боғ бузро Темур ном ниҳоданд. Ҳайвонҳо рӯзона дар қафас  ҳамроҳ гаштугузор мекунанд. Ба андешаи кормандони боғи Сафари  буз палангро чун сардори рамаи худ  қабул намуда, дар ҳама ҷо аз пасаш меравад. 
Бино ба гуфтаи Дмитрий Мезентсев чунин воқеа дар таҷрибаи вай  бори аввал рух надодааст, ки  паланг дучори муқовимати сахт аз тӯъмаи худ шавад.  Вале ин дафъа дар байни ҳайвонот баръало чизе  рух медиҳад. «Боре чунин ҳодиса ҳам рух дода буд, ки ҳангоми нишон додани муқовимат паланг бузро нахӯрд, вале буз танҳо як шабонарӯз тоқат карду дарранда ӯро бо як зарба ҳалок кард.  Вале ин ҷо ҳолат дигар аст. Темур дар ҳама ҷо аз паси Амур мераваду паланг ҳам вайро бо   таҳаммул тоқат мекунад.  Ҳатто дар ҳолати аз мадди назар дур шудани паланг буз ошуфтахотир шуда, ба ҷустуҷӯи ӯ мешитобад”,-мегӯяд Мезентсев.    

Декабрь 2, 2015 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд