Парлумони Олмон барои иштирок дар амалиёти зидди ДИ овоз дод
Душанбе, 04.12.2015 (АМИТ «Ховар») .-Парлумони Олмон барои иштирок дар амалиёти зидди ҷангиёни ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» овоз дод.
Акнун Олмон барои фиристодани низомиён ба Ховари Миёна як қадам наздиктар мешавад. Танҳо тасвиби Шўрои федералии замин -Бундесрат-ро бояд интизор шуд.
Миссияи низомиёни олмонӣ барои як сол пешбинӣ шудааст, вале он метавонад тамдид карда шавад. Берлин ният дорад якчанд ҳавопаймои ҷосусӣ, киштии ҳарбӣ ва то 1200 сарбоз ирсол намояд.
Аз ирсоли низомиёни Бундесвер (Вазорати дифоъ) барои мубориза бо «Давлати исломӣ» аз 598 вакили иштирокдошта 445 вакили Бундестаг ҷонибдорӣ карда, 146 нафари дигар зид баромаданд ва 7 нафар аз овоздиҳӣ худдорӣ намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






