Пекин дараҷаи баландтарини хатарро дар робита ба ғубори ғализ эълон кард
Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Пекин маротибаи дуюм дар як моҳ дар иртибот ба омадани ғубори ғализ (смог) хатари дараҷаи «сурх» эълон мекунанд. Ҳавои басо номусоид дар пойтахти Чин аз рӯзи шанбе то сешанбе идома меёбад.
Аз соати 7-и субҳи 19-уми декабр то соати 12-и шаби 22-юми декабр дар шаҳри Пекин дар ҳаракати воситаҳои нақлиёти хусусӣ маҳдудият ҷорӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин дар ин вақт ба истифодаи маводи зуддаргиранда ва пухтани гӯшт берун аз бино иҷозат дода намешавад.
Ба меҳмонон ва сокинони пойтахт тавсия дода мешавад, ки вақти будубошро дар берун аз биноҳо кам кунанд ва мактабҳои ибтидоию миёна дарсҳоро боздоранд.
Хадамоти марказии бодуҳавосанҷӣ ҳамчунин ҳушдор дод, ки рӯзи шанбе ғубори ғализу вазнин баъзе минтақаҳои дигари шимоли Чинро фаро мегирад.
Интизор меравад, ки зичии ғубори ғализ ин дафъа нисбат ба 6-9 декабр, вақте ки бори аввал дар пойтахт огоҳии «сурх» эълон гардида буд, бештар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






