Пешгирии муомилоти ғайриқонунӣ
Душанбе, 22.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- 21 декабри соли равон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 21-солаи ноҳияи Спитаменро бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир намуданд. Дар вақти кофтуков аз ӯ 2352 дона маводи тарфгарии намуди трения дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд кормандони милитсия сокини 20-солаи ноҳияи Аштро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир намуданд. Дар вақти кофтуков аз номбурда 4500 дона маводи тарфгарии намуди трения дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамин тариқ, зимни дигар чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони милитсия сокини 20-солаи ноҳияи Ашт бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир шуд. Дар вақти кофтуков аз ӯ 5850 дона маводи тарфгарии намуди трения дарёфт ва мусодира шуд.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






