Пешвои арзандаи миллат

Декабрь 16, 2015 11:37

Душанбе,16.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Агар дар охирҳои асри нуздаҳ ва аввалҳои асри бист устод Садриддин Айнӣ бо теғи ҷонбахшои қалам миллати моро аз вартаи ҳалокат раҳонида бошад, ин рисолаташро таърих бори дигар дар симои сиёсатмадори варзидаи олам, меъмори сулҳу ваҳдат ва Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон такрор намуд. 
Ин навбат  Эмомалӣ Раҳмон миллатро бо теғи ҷонбахшои қалам не, бо ақлу заковати инсонӣ, сиёсати хирадмандона ва муҳаббати ватандӯстонаашон дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, ки дар вартаи ҳалокат қарор дошт, наҷот бахшид.
Ба назди мухолифин ва муҳоҷирини тоҷик ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтани Эмомалӣ Раҳмон бесилоҳ ва бе сипоҳ қаҳрамонии Рустами достонро дар таърихи башар такрор намудан буд, ки ба ин ҷасорат на танҳо тоҷикон, балки ҳамаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои сазовор  дод. 
Аз ин рӯ, дар расидан ба сулҳу субот ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои беназиру таърихиро анҷом додааст. 
Бо суръати кайҳонӣ пешрафту ободии кишвар ва созандагии ватани азизамон Тоҷикистон аз ташаббусу роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, пешрафту созандагии Тоҷикистон аз ҷониби беҳтарин сиёсатмадорони ҷаҳон баҳогузорӣ шуд. 
Президенти Федератсияи Русия Валадимир Путин зимни сафар  дар Тоҷикистон таъкид намуд, ки “Тоҷикистон дар ҳолати рушд ва тараққӣ” қарор дорад. Ҳанӯз  3000 сол пеш файласуфи оламшумули ҷаҳон Суқрот таъкид намудааст, ки: “Пешрафту тараққиёти ҳар миллату давлат ба роҳбари аввали он вобастагӣ дорад”. Мо, ҷавонони даврони истиқлолият ин гуфтаи Суқротро дар амал бо чашми сарамон дидем ва шоҳиди он шудем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатдориро аз сифр оғоз намуда, моро ба созандагию рӯзҳои нек расонид.
Ёдовар мешавем, ки иқдомҳои беназири роҳбари хирадманди миллат, аз қабили ҷаҳонӣ намудани иди аҷдодиамон Наврӯзи оламафрӯз, ҷашн гирифтани 1310-солагии  пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам, партавафшон намудани баландтарин парчам дар шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланду олӣ баргузор намудани ҷаласаҳои сарони давлатҳо шаҳомати давлатдориамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. 
Месазад Эмомалӣ Раҳмонро беҳтарин муаррифгари давлат ва миллати куҳанбунёдамон арзёбӣ кунем.  
Иқдоми олӣ оид ба Пешвои миллат эълон доштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси таърихӣ ва саривақтӣ буд, ки ҳамаи мардуми Тоҷикистон ва аз ҷумла, мо, ҷавононро рӯҳбаланду хурсанд намуд. 
Мо- ҷавонон ин иқдоми некро ҷонибдорӣ намуда, бо як овоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешвои миллат эълон медорем. 
Ҳамзамон ин падари меҳрубону мушфиқ, Роҳбари муаззаму хирдманди миллатро, ки яздони пок дар лаҳзаҳои заруриву ҳассоси таърихӣ барои наҷоти миллат ба мо туҳфа намудааст, чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, ин пешвои беназири худро аз чашми ҳасудон бо қиммати ҷон муҳофизат менамоем.

Бо ташаббус, бо хирадмандии хеш,
Мислатон ёвар ҷавононро набуд.
Мо ҷавонон ҳалқаем дар гирдатон , 
То наафтад бар Шумо чашми ҳасуд.

Унвонҷӯи Донишгоҳи
Миллии Тоҷикистон Нурзода Муслиҳиддин

Декабрь 16, 2015 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст