Пешвои миллат будан нақш ва рисолати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аст

Декабрь 16, 2015 10:08

Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ бо иштироки тамоми воҳидҳои сохторӣ  дар робита ба  қабули  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода дар хусуси зарурат ва аҳамияти таърихии қабули қонуни мазкур зикр кард, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» барои  ҳифзи  Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии  халқ дар атрофи ғояҳои созандаю бунёдкорона, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу  вафодори халқ Эмомалӣ  Раҳмон  ҳамчун  асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сўи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд равона шудааст. Дар идома аз  нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини зиндагии пурнишоти мардуми шарифи тоҷик махсусан таъкид намуда, қабули ин қонунро дар шароити кунунӣ як амри воқеӣ ва зарурати таърихӣ ҳисобид. Аз хидматҳои беназири Президенти Тоҷикистон дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин махсусан зикр шуд. Зикр гардид, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрўзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳёи арзишҳои волои фарҳангии миллӣ хизматҳои шоиста кардааст. Бинобар ин, Пешвои миллат будан нақш ва рисолати таърихии Эмомали Раҳмон мебошад.
Дар охир ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон пуштибонии амиқи хешро аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» изҳор намуда, нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик боиси ифтихори миллат донистанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” 9 декабри соли ҷорӣ дар Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз ҷониби вакилони мардумӣ қабул шуда, аз муқаддима ва 16 модда иборат мебошад. Ин санади муҳими таърихӣ бо тартиби ҳуқуқӣ ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар таҳия ва ба Парлумон манзур  шудааст.
 

 

Декабрь 16, 2015 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!