Пешвои миллат ва бунёдгари давлатдории миллӣ
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат” маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.
Дар маҷлис президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарход Раҳимӣ, ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон” — и ҲХДТ дар АИ ҶТ дар мавриди хизматҳои шоёни Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат дар роҳи душвори бунёди давлатдории миллӣ, таъмини зиндагии осоишта, эҳё намудани пояи давлатдории миллӣ, аз парокандашавӣ наҷот додани миллат ва аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани ватани маҳбубамон сухан ронд.
Бахшида ба 21 — умин солгарди таъсиси ҲХДТ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон” — и ҲХДТ дар АИ ҶТ академик Фарҳод Раҳимӣ ба 21 корманди Раёсати Академия шаҳодатномаҳои ҳизбиро супорид.
Ҳамин тариқ, иштирокдорони ҷамъомад қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат” — ро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
Дар анҷом ба аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон” — и ҲХДТ дар АИ ҶТ дастур дода шуд, ки корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотиро дар байни ҷомеа вусъат бахшанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






