Пешвози иштирокдорони конфронси ҷавонон аз ҷониби мардуми вилояти Хатлон
Душанбе, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 17 декабр ҷавонони фаъол ва донишҷӯёни минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ — иштирокдорони конфронс дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни кишвар дар тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ», ки дар маркази вилояти Хатлон- шаҳри Қурғонтеппа баргузор хоҳад гашт, аз шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо озими вилоят гардиданд.
Меҳмононро дар фазои тантанавӣ дар даромадгоҳи ноҳияи Бохтар ҷавонон, донишҷӯён, намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва аҳли ҷамъият гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд.
Шиори ҷавонону донишҷӯёни минтақаҳои гуногуни кишвар- аз Суғду Бадахшон, Раштонзамину Ҳисори Шодмон, Кӯлобу Душанбе якдилию муттаҳидӣ, дӯстию рафоқати тамоми мардуми Тоҷикистон буд.
Хотиррасон менамоем, ки баргузории конфронси мазкур дар шаҳри Қурғонтеппа пагоҳ, 18-уми декабр дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






