Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон аз Тоҷикистон боздид кард

Декабрь 1, 2015 03:05

Душанбе, 1.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Рӯзҳои 29-30 ноябри соли 2015 Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷолдубаева Индира Ирисбаевна бо сафари корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид кард.
Зимни сафари корӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории ҳуқуқии байналмилалӣ, алалхусус вобаста ба истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, расонидани ёрии ҳуқуқӣ доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ, интиқоли маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, таъмини назорати прокурорӣ баҳри иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии ҳаракатҳои ғайриқонунии шаҳрвандони минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ҷараёни  тафтиши муштараки парвандаҳои ҷиноятӣ, гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ дар ҳудуди ҳар ду давлат ва дигар масъалаҳои ифодакунандаи манофеи тарафайн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тарафҳо дар доираи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва ёрии ҳуқуқӣ, ки 27 августи соли равон ба имзо расид, дар бораи таҳкими ҳамкории тарафайн, ҳамоҳангсозии чорабиниҳои фаврию тафтишотӣ, инчунин ба роҳ мондани равобити бевосита байни прокурорҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ ва вилоятҳои ду кишвар гуфтушунид анҷом доданд.
 Дар ин бора аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 

 

Декабрь 1, 2015 03:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд