Рабудани воситаи нақлиёт дар Душанбе
Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ҷавони 19-солаи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 1-уми декабр аз назди кӯчаи Санаи пойтахт шахсони номаълум мошини шахсиаш- тамғаи “ВАЗ-21010”-ро ғайриқонунӣ ронда бурдаанд. Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду ҷавони 17-18-соларо, ки охирин пеш бо моддаи 252 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони рабудани воситаи нақлиёт дастгир намуданд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






