Рафтори шер ҳамаро дар ҳайрат гузошт
Душанбе, 28.12.15 (АМИТ «Ховар»). Ҳеҷ шубҳае нест, ки дар бештари модарон эҳсоси ҳимояи на танҳо фарзандони худ, балки фарзандони бегона низ инкишоф ёфтааст.
Вақте ки сухан дар бораи ҳайвонҳои ваҳшӣ меравад, пас ин ҳиссиёт аксар вақт танҳо ба фарзандони ин намуди ҳайвонот дида мешавад. Вале шере бо рафтори худ ҳолати тамоман баръакси инро исбот кард.
Ду шер ба рӯбоҳаки ярадор наздик шуданд ва он чизе, ки баъдан рух дод, ҳамаро дар ҳайрат гузошт.
Шер рӯбоҳаки маҷрӯҳро пай гирифт ва ба тарафи ӯ равона шуд. Рӯбоҳча метавонист луқмаи ӯ гардад. Вале дар ҷои ин шери модина амали аз ақл берунро нишон дод. Вай ба тарафи рӯбоҳ давида, онро аз дарранда пинҳон кард.
Эҳсоси шерри мода боло гирифт ва ӯ байни рӯбоҳаки бадбахт ва даррандаи бераҳм қарор гирифт. Ҳоҷати гуфтан ҳам нест, ки шер хеле норозӣ буд. Шер хашмгин гашта, чашмашро ба тифлони шери модина андохт. Вай қарор дод, ки бояд аз шер қасд гирад ва ба тарафи шербачаҳо рафт. Ин амал модари шербачаҳоро ба хашм овард ва баъд аз чанд сония задухӯрди ҳақиқӣ ба вуҷуд омад. Модари шербачаҳо таслим шудан намехост. Инро дарк карда, шер нақшаи худро партофт ва барои ҷустуҷӯи тӯъма ба дигар тараф рафт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






