Раиси Парлумони Кувайт Пешвои миллатро бар тоҷикон табрик гуфт
Душанбе, 22.12.2015. (АМИТ «Ховар» ). — Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба Давлати Кувайт ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, дар ҷаласаи Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт иштирок карда, дар назди 50 нафар вакилони Парлумони ин кишвар сухан гуфт.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз Давлати Кувайт Раиси Парлумони касбии мамлакат Шукурҷон Зуҳуров оид ба зарурат ва аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ибрози назар намуд.
Шукурҷон Зуҳуров аз минбари Парлумони Кувайт иброз дошт, ки дар таърихи навини халқи тоҷик Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.
Шахсиятеро, ки дар борааш ҳарф мезанем, -гуфт Шукурҷон Зуҳуров,- ба тарғибу дастгирӣ эҳтиёҷ надорад. Андешаҳою суханҳои сулҳпарваронааш кайҳост, ки ба дили мардуми дунё роҳ ёфта, кору пайкори созандааш дар таърихи навини давлатдории тоҷик ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон байни мардум маълуму машҳур гаштааст. Мардуми тоҷик Пешвои миллати худ Эмомалӣ Раҳмонро самимона дӯст медоранд ва ҳамеша ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меоранд, -гуфт дар анҷоми суханрониҳояш Шукурҷон Зуҳуров .
Раиси Парлумони касбии Тоҷикистон ҳамчунин ба Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт ҷаноби Марзуқ Алӣ ал-Ғоним ва ҳайати Парлумони Маҷлиси Умма барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозиашон изҳори сипос намуда, иброз намуд, ки бароям хеле хурсандиовар аст, ки ин лаҳза бо шумо дар бинои Парлумон суҳбат мекунам.
Аз садоқат, самимияти тӯли ин чаҳор рӯз аз Шумо Ҷаноби Олӣ ва мақомоти муаззами роҳбарии кишвари дӯсти Кувайт дидаам, мехоҳам ҳарф бизанам. Ҳама дидору мулоқот, тавре ки дил мехост, дар сатҳи олӣ баргузор гаштанд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб мехоҳам бори дигар шукргузории худро ба Шумо, Раиси муҳтарам барои даъвати мо ба Давлати дӯсти Кувайт иброз намоям. Муҳаббату самимияти Шумо ва ҳамкоронатон аз лаҳзаи ба хоки поки Ал-Кувайт қадам гузоштанамон то ба ин дам, дар ҳадди олии самимият буд. Мо аслан эҳсоси ғарибӣ накардем.
Билохира, сафари расмии мо ба поён мерасад. Мо аз кишвари дӯсти Кувайт бо як ҷаҳон таассурот ба Тоҷикистон бармегардем. Чеҳраҳои бозу ҳарфҳои пур аз меҳру садоқати Шумо ва мардуми воқеан меҳмоннавози Кувайтро бо худ ҳадя мебарем.
Ман бар он боварам, ки ин сафар дар китоби дӯстӣ ва густариши ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоямон саҳифаи наву тобнок боз мекунад.
Ба Шумо, Раиси муҳтарам ва ҳамкоронатон тавфиқ ва ба халқи дӯсту бародари Кувайт саодату сафо мехоҳам.
Дар анҷоми мулоқоту вохӯриҳо бо вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт ҷаноби Марзуқ Алӣ ал-Ғоним қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ро барои мардуми Тоҷикистон падидаи хубе номида, аз номи худ ва Парлумони Кувайт ба мардуми Тоҷикистон табрику муборакбод гуфт.
Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ ал-Ғоним иброз намуд, ки дар Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар Ховари Миёна хеле машҳур аст, мешиносанд. Мардуми дунё бояд аз Шумо тоҷикон қадрдонию ба ҷо овардани эҳтироми сарварашон -Пешвои миллатро омӯзанд. На ба ҳар сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ин обрӯ муяссар мегардад. Ҳамчунин на ба ҳама сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва президентон муяссар мегардад, ки бузургтарин неъмат — умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардумаш ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад. Мо бори дигар Шумо, Шукурҷон Зуҳурови муҳтарам ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро бо ин падидаи нек табрик мегӯем, -гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт ҷаноби Марзуқ Алӣ ал-Ғоним.
Бо ҳамин сафари кории ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз Давлати Кувайт ба анҷом расид.








Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд






