Роғун: ҷалби духтарони бекор ба курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзӣ
Роғун, 1.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» дар шаҳри Роғун 573 фаъолзан дар мансабҳои гуногун дар мақомоти иҷроия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои шаҳр фаъолият доранд, ки аз ин шумора 199 нафараш дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд. Имрўзҳо намояндагони занон дар маҷлиси вакилони халқи шаҳр 3 нафар ва дар маҷлиси вакилони шаҳраку деҳот 11 нафаранд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт ҳоло 110 донишҷў тавассути квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, ки 50 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар нўҳмоҳи соли 2015 баҳри амалӣ намудани «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» дар маркази дўзандагии шаҳр 87 нафар занон ва ҷавондухтарони бекор ба курсҳои кўтоҳмудати касбомўзӣ ҷалб шудаанд.
Имрўзҳо корҳои хонагӣ аз ҳисоби занон рушд ёфта, сатҳи зиндагии аҳолӣ хубтар гардида истодааст. Зиёда аз 150 нафар зан ба корҳои либосдўзӣ, нону кулчапазӣ, бофтани ҷӯробу жемперҳо, заргарӣ, муҳракашӣ, гулдӯзии миллӣ ва сӯзанидӯзӣ машғул мебошанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






