Роғун: Ҷамъбасти чорабинӣ бахшида ба Соли оила

Декабрь 24, 2015 12:30

Роғун, 24.12.2015.  (АМИТ «Ховар»). — 23 декабри соли 2015 дар шаҳри Роғун  чорабинии  ҷамъбастӣ бахшида ба  Соли оила  баргузор гардид. Дар он  раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, кормандони ташкилоту муассисаҳо, пирони рӯзгордида, ҷавонон  ва оилаҳои намунавии шаҳр иштирок намуданд.  Раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз изҳор кард, ки дар шаҳри Роғун  дар ҳошияи сиёсати  оқилонаи Сарвари давлат ғамхорӣ ба оилаҳои ҷавон, таълиму тарбияи  наврасону ҷавонон минбаъд низ идома ёфта, ба занону модарон ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи  ҷомеа ва идомабахши  беҳтарин анъанаҳои миллӣ аҳамияти махсус зоҳир мешавад. 
     Инчунин дар чорабинии мазкур  оилаҳое, ки зиёда аз 50 сол зиндагии хушбахтона доштанд, ба ҷавонон  барои хушбахт гардидану мустаҳкамии оилаҳояшон маслиҳатҳои  судбахш доданд.
    Тибқи маълумоти оморӣ соли равон дар шаҳри Роғун 4017 оила зиндагӣ дошта, аз ин 172 оила камбизоат, 121 оила маъюб, 48 оила ҷудошуда буда, 350 ақди никоҳ ва 33  ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки омӯзишҳо  ва огоҳии  наздик бо  ҳаёти мардум бобати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ пешгирии дигар  омилҳои номатлуб дар оила бо тарғибу ташвиқи  ҳунарҳои миллии  хонагӣ дар шаҳр нақши босазо гузоштаанд. 
     Дар чорабинии  ҷамъбастӣ бахшида ба соли оила Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  оилаҳои намунавиро бо   диплом ва туҳфаҳои  хотиравӣ  қадрдонӣ намуданд.

 

Декабрь 24, 2015 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад