Роғун: мушкилоти соҳаи маориф тадриҷан кам мегарданд

Декабрь 11, 2015 12:47

Роғун, 11.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз бо ташаббуси мудири маорифи шаҳри Роғун  оид ба  иҷрои  «Барномаи  рушди маорифи  шаҳри Роғун  барои соли 2015»  бо иштироки раиси шаҳр  Шарифзода Шариф Файз, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва аҳли маорифи шаҳр ҷамъомад баргузор гардид.  Раиси шаҳр Шарифзода Шариф оид ба иҷрои барномаи мазкур дар соли 2015 ва тамдид намудани  барномаи рушди маорифи шаҳри Роғун то соли 2020 сухан гуфт.
    Аз   суханронии масъулини соҳаи маорифи шаҳр  маълум гардид, ки мушкилоти  кадрии соҳаи маориф дар давоми соли хониш  тадриҷан ҳал гардидааст.  

Декабрь 11, 2015 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш