Рушди ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия
Душанбе, 01.12.2015. (АМИТ «Ховар»). Конфронси IV оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия дар мавзӯи «Натиҷа ва дурнамои ҳамкориҳои байниминтақавӣ» имрӯз, 1 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
«Федератсияи Русия шарики стратегии Тоҷикистон ва ҳамкори пешсаф дар соҳаи тиҷорату иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин ҳамкориҳои башардӯстона, фарҳангӣ, техникӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ байни ду кишвар бомуваффақият ба роҳ монда шудааст. Конфронси имрӯза имкон медиҳад, ки дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ҳамкориҳо боз ҳам наздиктар ба роҳ монда шаванд. Русия дар соҳаи тиҷорат ва рушди иқтисоди Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Савдои иқтисодии миёни кишварҳои мо дар 10 моҳи соли равон 27% афзудааст. Дар ҳудуди Тоҷикистон имрӯз 130 корхона бо сармояи Русия фаъолият мекунад, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас мерасонад», — гуфт зимни конфронс, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода.
Дар ҷараёни конфронс миёни Тоҷикистон ва Русия ҳуҷҷатҳои дахлдор дар мавриди рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расонида шуд.
Дар қисми дуюми конфронс се мизи мудаввар оид ба рушди ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ, танзими ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ миёни Русия ва Тоҷикистон, инчунин самтҳои асосии рушди гуманитарӣ ва байниминтақавӣ байни Тоҷикистон ва Русия гузаронида шуд.
Дар фарҷоими конфронс қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






