Сайҳун чароғон мешавад
Суғд, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта роҳбарияти вилояти Суғд ба азхудкунии даштҳои ташналаби Сомғору Мирзоработ, ки орзуи чандинсолаи сокинони вилоят буд, оғоз намуд.
Дар оғози соли равон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии шаҳраки навбунёди Сайҳун асос гузошта шуд. Ҳоло дар ин шаҳрак дар баробари дигар корҳои сохтмонӣ чароғонкунии роҳҳо низ идома дорад. Дар Сайҳун то ба имрӯз 60 км хатти барқи баландшиддат кашида шуда, 4 зеристгоҳи барқӣ низ насб гардидааст.
Тибқи иттилои масъулин корҳои чароғонкуниро ҶДММ «Само» ва ҶДММ «Сомониён-1» бар уҳда доранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






