Сайри Рӯзҳои синамои Эрон дар Тоҷикистон
Душанбе, 22.12.15. (АМИТ «Ховар»). — 21 декабр дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Эрон оғоз ёфтанд. Маросими оғози расмии Рӯзҳои синамои Эрон дар кинотеатри ба номи «Зебунисо» — и шаҳри Душанбе бо намоиши филми «Овози гунҷишкҳо» — и коргардон Маҷид Маҷидӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Иттифоқи синамогарони ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҳошияи Рӯзҳои синамои Эрон, ки аз 21 то 27 декабр идома меёбанд, ҳафт филми коргардонҳои насли сеюми Эрон, аз қабили Ризо Миркаримӣ, Мануҷеҳри Ҳодӣ, Алии Вазириён, Маҳшеди Афшорзода, Нозири Мирӣ намоиш дода мешаванд.
Дар рӯзи охирин филми «Панҷ ситора» — и Маҳшеди Афшорзода манзури ҳаводорони синамо карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои синамои Эрон дар Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон якҷоя бо Маркази фарҳангии Эрон дар ҶТ роҳандозӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






