Санкт-Петербург: мошини пулисро зери ҳамла қарор доданд
Душанбе, 04.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар шимолу шарқи шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи ҷумъа, 4-уми декабр, шахсони номаълум аз силоҳи автомат ба сӯи мошини пулис тир холӣ карданд. Қурбоншудагон низ ҳастанд. Дар ин бора манбаъ аз мақомоти қудратии шаҳр ба ТАСС иттилоъ додааст.
«Тақрибан соати 11-и субҳ дар кӯчаи Муринск 2 шахси номаълум бо ашёи монанд ба автомат ба УАЗ-и пулис тир кушоданд. Бино ба маълумоти пешакӣ, 2 нафар пулис ҳалок гашта, 1 тани дигар ҷароҳат бардоштааст», — мегӯяд манбаъ.
Дар Раёсати тафтишотии вилояти Ленинград ин ҳодисаро тасдиқ карда, иброз намуданд, ки ҳанӯз ба онҳо оид ба қурбониёни ин ҳодиса маълумот дастрас нашудааст. Ба ҷои ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ сафарбар гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






