Сарпарасти Раёсати амнияти миллии Афғонистон ба истеъфо рафт, чаро?

Декабрь 11, 2015 10:29

Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Раиси Ҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ рўзи  панҷшанбе истеъфои Раҳматуллоҳ Набил, раиси  умумии амнияти миллии Афғонистонро пазируфт.
Раёсати ҷумҳурӣ дар хабарнома  гуфтааст, ки Набил рӯзи панҷшанбе истеъфономаи худро ба  Раиси  Ҷумҳурии Афғонистон пешниҳод кард.
Манбаъ меафзояд, ки бо вуҷуди он ки раиси  ҷумҳурӣ тарафдори  тағйирот дар раҳбарии ин ниҳоди амниятӣ дар ин шароити ҷангӣ набуд, аммо ба хости Набил эҳтиром гузошта,  онро пазируфтааст.
Набил дар номае, ки ба Раиси Ҷумҳурии Афғонистон  фиристодааст, дар бораи иллатҳои канорагирии  худ гуфтааст, ки дар чанд моҳи ахир бо баъзе аз сиёсатҳо мувофиқ набудааст ва вазъияте бар ӯ таҳмил шуд, ки заминаҳои корӣ бар вай маҳдуд шуда,  фазои  эътимоди корӣ бо сабабҳои гуногун бисёр танг гардид. Дар нома омадааст, ки  Раиси ҷумҳурӣ борҳо аз вай хоста буд, то аз мақомаш барканор шавад.
Набил шаби гузашта пас аз нишасти Қалби Осиё дар Исломобод дар сафҳаи Фейсбукиаш аз Раиси Ҷумҳурии Афғонистон интиқод карда  ва  куштори мардуми Афғонистонро кори созмони  мухобиротии  низомии Покистон номидааст.
Набил навиштааст, ки: «куҷо шуд таърихи панҷҳазорсолаамон, ки дар баробари кишваре бо таърихи 60 сола зону задаем»?
Шукрия  Боракзай, узви пешини маҷлис гуфт: «Ман фикр мекунам, ки дар бахши амниятӣ ин як фоҷеа аст ва ҳукумати Афғонистон набояд бар бунёди сиёсатҳои хориҷии кишварҳои дигар тасмимҳои муҳимро  бигирад».
Азиз Рафиъӣ, Раиси иттиҳодияи  ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт:» ба назари ман дар миёни ҳукумат як диди воқеӣ байни дӯст ва душман вуҷуд надорад ва ин кор дар дарозмуддат барои Афғонистон бисёр мушкилофарин хоҳад  буд.»
Ва пас аз номаи Набил ба Раиси Ҷумҳурии Афғонистон ва пазируфтани он  аз ҷониби Ашраф Ғанӣ шоми дирўз дар ҳузури Раиси Ҷумҳурии ин кишвар дар асоси машварате, ки сурат гирифт, Масъуд Андарободӣ ба унвони сарпарасти умумии амнияти миллӣ таъйин гардид.
Ашраф Ғанӣ изҳор дошт, ки шахсони ба раёсати умумии амнияти миллӣ  таъйиншуда ба ҳайси як дастаи ягона  вазифаи хатарнокеро уҳдадор мебошанд ва бояд ин вазифаро дастаҷамъона ба пеш баранд.
Раиси Ҷумҳурии Афғонистон аз саъй ва талоши масъулини ин раёсат, ки ҳамвора бо қурбониҳояшон  фазои амниятро барои мардум таъмин мекарданд, қадрдонӣ кард. Раиси Ҷумҳурӣ Ашраф Ғанӣ зимни пазируфтани истеъфои Набил аз вазифаи раиси Раёсати умумии амнияти миллӣ аз хидматҳои ў дар таъмини амнияти кишвар сипосгузорӣ кард.
Дар ин бора «Тулуъ нюс» хабар додааст. 

 

Декабрь 11, 2015 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!