Сатҳи муътадилии таваррум нигоҳ дошта шуд
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Тавре ки аз маълумоти омори расмӣ бармеояд, сатҳи таваррум дар моҳи ноябри соли равон чун моҳҳои пешин тамоюли тағйирёбии муътадили худро идома дода, ба 0,6 фоиз баробар шуд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,1 банди фоизӣ коҳиш ёфт. Таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби қиматшавии нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 0,3 фоиз ва ғайриозуқа 1,5 фоиз ба амал омад. Арзиши хизматрасониҳои пулакӣ дар моҳи ноябр 0,4 фоиз паст гардид.
Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум тамоюли тадриҷии пастшавиро соҳиб шуда, 4,7 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 банди фоизӣ кам мебошад.
Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби омилҳои беруна, аз ҷумла таъсири болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ дар шароити маҳдуд будани сатҳи талаботи дохилӣ вобастагӣ дошт.
Илова бар ин, сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) ба 5,2 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 банди фоизӣ камтар аст.
Кам ё паст шудани сатҳи таваррум аз омилҳои муҳимтарин ва мусоидаткунанда барои таҳкими фазои макроиқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






