Семинар дар мавзӯи «Бозори меҳнат»
Душанбе, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Бозори меҳнат» бо иштироки муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони вазорату кумита ва ташкилоти байналмилалӣ ва муовинони ректор оид ба таълими муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ семинари илмӣ-омӯзишӣ доир гардид.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд, дар семинар муовини вазири маориф ва илм Бозор Одинаев зикр намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи “Рушди маълумоти олӣ” моҳи августи соли 2015 бо арзиши 15 млн. доллари ИМА ба имзо расид, ки ин лоиҳа барои ислоҳоти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ равона мешавад.
Инчунин дар семинар мубодилаи афкор сурат гирифта, мушовири байналмилалӣ оид ба бозори меҳнати муассисаҳои таҳсилоти олӣ Матин Холматов зимни муаррифии лоиҳаҳо ба суолҳои иштирокдорон посух гардонид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






