Ш. Орумбекзода: “Соли 2015 барои соҳаи фарҳанг соли бобарор ва хотирмон буд”
Душанбе, 30.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Соли 2015 низ дар баробари дигар солҳо бо рӯйдоду воқеоти муҳим барои Тоҷикистон соли бобарор буд. Дар ин сол дар соҳаҳои гуногуни мамлакат пешрафту тағийроти назаррас ба мушоҳида расидаанд. Аз ҷумла, соҳаи фарҳанг низ дар соли 2015 ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди соҳаи фарҳанг иброз дошт, ки фазои фарҳангии соли 2015 на танҳо дар пойтахти кишвар, балки дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба хубӣ эҳсос мегардид, зеро дар ин сол дар мамлакат чорабиниҳои зиёд дар робита ба ҷашнҳои муҳими миллию таърихӣ бо мундариҷаи нав дар сатҳи баланд доир карда шудаанд. «Соли 2015 аз ҳар нигоҳ барои аҳли фарҳанги кишвари тозаистиқлоли мо, соли басо бобарору бо файз буд. Дар ин сол дар мамлакат чорабиниҳои зиёд дар робита бо ҷашнҳои муҳими миллию таърихӣ бо мундариҷаи нав дар сатҳи баланд доир шуданд, ки муҳимтарини онҳо 3000-солагии Ҳисори шодмон, Симпозиюми байналмилалии Мир Саиди Ҳамадонӣ, Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил эълон гардидани шаҳри Кӯлоб дар соли 2015, таҷлили ҷашни Наврӯз дар вилояти Суғд, 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, намоишгоҳи панҷуми байналмилалии китоби Душанбе, гузоштани санги асоси Театри миллии тоҷик, фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту 2015”, ба истифода дода шудани бинои қасрҳои фарҳанг, китобхонаи марказӣ ва осорхонаи таърихии кишваршиносӣ дар маркази ноҳияи Ҳисор, қасрҳои фарҳанг дар маркази ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Рӯшон ва Айнӣ, барномаҳои фарҳангӣ ба ифтихори чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва амсоли инҳо, ки аксаран бо иштироки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтанд, барои таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди минбаъдаи фарҳанги миллӣ, афзун намудани мавқеи байналхалқии фарҳанги миллии мо заминаҳои ҷиддӣ фароҳам овардаанд»,-афзуд вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шамсиддин Орумбекзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли 2015 барои аҳли фарҳанг соли бобарор буда, дар ҷараёни сол фестивалҳои ҷумҳуриявии Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон ва Фестивали ҷумҳуриявии театрҳои халқӣ “Родмардони Ватан” баргузор гардид: «Бояд гуфт ки дар маҷмӯъ фазои фарҳангии соли 2015 на фақат дар пойтахти кишвар, балки дар тамоми манотиқи он хеле ғанӣ буд ва ман бовар дорам, ки тамоми мардум воқеан бо фароғати фарҳангӣ фаро гирифта шуданд”.
Бояд гуфт, ки дар фарҷоми соли 2015 воқеаи таърихӣ ва муҳими сиёсии мамлакат, ки аз тарафи тамоми мардуми кишвар хуш пазируфта шуд, ин қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” мебошад. Ба гуфтаи Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буда, кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард ва мардум ба парокандагиву гуруснагӣ ва нодорӣ рӯ ба рӯ буданд. Номбурда гуфт, маҳз хизматҳои шоёни Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар кишвари мо сулҳу субот, оромӣ ва ризоияти миллӣ барпо шуд. «Пешвои миллат ва асосгузори сулҳу ваҳдат эълон гардидани Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро месазад аз воқеаҳои муҳими таърихии даврон номид, ки ин барои пешбурди минбаъдаи сиёсати кишвари мо, ба ҳам овардани тамоми табақаҳои ҷомеа, таҳкими сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ дар кишвар мусоидат мекунад ва мо умедворем, ки тамоми мардум онро хуш пазируфтанд ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо тарафи қонунии онро, ки дархост ва ниёзи тамоми мардуми тоҷик буд, амалӣ гардонд».
Фарҳанг ҳастии миллат ва соҳаи муҳим барои рушду пешрафти маънавиёт дар ҷомеа ба шумор меравад. Аҳли фарҳанги Тоҷикистон низ бо дастовардҳои муҳими соли 2015 ният доранд соли нави мелодиро бо мақсади амалӣ кардани нақшаҳои наву созанда истиқбол гиранд ва барои ноил шудан ба комёбиҳои тоза талош намоянд.








35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд






