«Шаҳбоз ва Гулноз»-Достони муҳаббати самимӣ
Душанбе, 5.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Нашриёти «Ирфон» достони тозаэҷоди олим, шоир, нависанда, доктори илмҳои иқтисодӣ Дўстмурод Ўроқовро бо номи «Шаҳбоз ва Гулноз» аз чоп баровард. Достон аз ишқу муҳаббати ду тоҷики кўҳистонӣ, ки новобаста ба ҳолати иҷтимоӣ якдигарро дўст доштаанд, ҳикоят мекунад. Сужаи достон асосҳои воқеӣ дошта, асрҳои тўлонӣ аз забон ба забон то имрўз расидаанд. Дар пешгуфтори китоб таҳти унвони «Достони ишқи фоҷиафарҷом», ки ба қалами Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар тааллуқ дорад, аз ҷумла, омадааст:
«Хати сужаи достон иртибот ба ривоятҳои мардумӣ дорад ва саршор аз ҳикмат аст. Ба василаи он таъкид мешавад, ки нашояд монеа дар роҳи ошиқони ҳақиқӣ, ҷуфти содиқу мувофиқ эҷод кардан, зеро ин амал оқибати нохушоянд дорад, фоҷеафарҷом аст. Онҳое, ки ба васли ошиқон мухолифат мекунанд, дар ниҳоят бадному пушаймон ва гузашта аз ин, маҳрум аз зиндагӣ мешаванд».
Достони «Шаҳбоз ва Гулноз» равону самимӣ ва бо забони содаи мардумӣ навишта шудааст».
Поёнтар устод Гулназар чунин зикр мекунад: «Мо қаблан Самимиро чун нависанда ва муаллифи чанд қиссаву роман мешинохтем ва медонистем, ки гоҳ-гоҳ шеър ҳам мегўяд, вале маҳз бо мутолиаи достони «Шаҳбоз ва Гулноз» дарёфтем, ки ў дар назм низ истеъдоду қобилияти шоиста дорад ва қаламашу қадамаш рост аст…»
Муҳаррири китоб нависанда ва рўзноманигори шинохта Абдурауф Муродӣ буда, он бо теъдоди 400 нусха бо расмҳову ороишоти писандида ба нашр расидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






