Шукри истиқлолу ваҳдати комили Ватан
Файзобод, 16.12.2015. (АМИТ »Ховар»).-Соли 1991 халқи тоҷик рӯзҳои мудҳиштаринро аз сар гузаронид. Оилаҳои зиёд аз меҳри падарӣ, бародарӣ ва фарзандӣ маҳрум гаштанд. Мардуми зиёде диёру Ватани худро тарк намуда, ба давлатҳои дигар фирор карданд. Қариб давлати тоҷикон аз байн мерафту миллати тоҷик пароканда мешуд. Маҳз дар ҳамин айём фарзанди ҷонфидои Ватан Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дареғ надошта, мардонавор дар музокироти гуногун, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он баргузор мегардиданд, иштирок намуда, мардуми силоҳбадастро ба сулҳу оромӣ ҳидоят менамуд. Бо шарофату кӯшишу ғайрати Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои нопоки баъзе душманони халқи тоҷик баръабас рафтанд. Соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Сарқонуни Чумҳурии Тоҷикистон қабул шуд ва он дар давлати навини дунявӣ нақши муҳим бозид. Бо кӯшишу ғайрати Сарвари давлат ва тамоми халқи тоҷик соҳаҳои иктисодиёт, маориф,, тандурустӣ, кишоварзӣ давра ба давра рушду тараққӣ ёфтанд. Истиқлолият дар инкишофи илму маориф таъсири мусбат расонид.
Имрӯзҳо мардуми тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар аз қабули Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» самимона ҷонибдорӣ доранд, чунки Тоҷикистонро ҷаҳониён маҳз бо заҳмату талошҳои Эмомалӣ Раҳмон шинохтаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






