Шукурҷон Зуҳуров ба Кувайт сафар менамояд
Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо даъвати Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт ҳайати парлумонии Парлумони касбии мамлакат таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 19 то 22 декабри соли ҷорӣ ба Давлати Кувайт сафар менамоянд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов зимни сафар дар назар аст, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар Кувайт бо нафарони расмии олимақоми ин кишвар, аз ҷумла Амири Давлати Кувайт, Раиси Маҷлиси Умма (парлумон), Сарвазири Давлати Кувайт, Раиси хазинаи хайрияи ин кишвар, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт ва дигар шахсони расмӣ мулоқот намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуровро дар ин сафар раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Ҷурахон Маҷидзода, Олимҷон Салимзода, Абдураҳим Холиқзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Комил Салимзода ва Мирзоанвар Ахмедов ҳамроҳӣ менамоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






