Қӯшунҳои сарҳадӣ: Пешгирии убури ғайриқонунӣ дар хатти сарҳад
Душанбе, 23.12.2015. ( АМИТ «Ховар»).- 19 декабр тақрибан соати 21:10 дар ҳудуди масъулияти яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон наряди сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи фаврии қӯшунҳои сарҳадӣ як амали ғайриқонуниро пешгирӣ намуданд.
Тавре ки аз Маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, як гурӯҳи қочоқчиёни силоҳбадасти афғон дар вақти убури ғайриқонунии хатти сарҳад бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд, ки дар натиҷа задухӯрди мусаллаҳона ба миён меояд.
Қочоқчиён ба муқовимати сарҳадбонони тоҷик тоб оварда натавониста, аз торикии шаб истифода бурда, аз тариқи қамишзор ба самти Афғонистон бозгаштанд.
Ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо назардошти таҳдиду хатарҳои ҷойдошта дар ҳолати пурзӯр қарор дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






