Қӯшунҳои сарҳадӣ: Пешгирии вайронкунии сарҳади давлатӣ
Душанбе, 1.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои махсуси фаврӣ-иктишофӣ 29 ноябри соли 2015 соати 04:00 дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Панҷ» дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон наряди сарҳадӣ бо гурӯҳи алоҳидаи махсуси қӯшунҳои сарҳадӣ вайронкунии сарҳади давлатиро пешгирӣ намуданд.
Як гурӯҳ қочоқчиёни афғон бо роҳбарии Малук валади Мулло Анвар дар вақти убури ғайриқонунии хатти сарҳад бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд, ки дар натиҷа задухӯрди мусаллаҳона ба миён меояд. Ба муқовимати сарҳадбонони тоҷик тоб оварда натавониста, қочоқчиён аз торикии шаб истифода бурда, тариқи қамишзор ба самти Афғонистон фирор намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии мавзеи задухӯрди мусаллаҳона, аз ҷои ҳодиса 20 кг афюн, 6 кг ҳашиш ва 1 яроқи оташфишони АК дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳоло нисбат ба ин ҳодиса аз тарафи кормандони РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Дар ин бора Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






