Сироятшиносони Хатлон чорабиниҳои пешгирикунанда мегузаронанд
Қурғонтеппа, 30.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Аз тарафи Хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ барои пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ мунтазам санҷишҳо гузаронида мешаванд. Бино ба иттилои роҳбари Маркази назорати санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Нуруллло Бояков, ба тамоми Хадамоти назорати санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар рӯзҳои пеш аз Соли нав барои шиносоӣ бо шароитҳои амалисозӣ ва нигоҳдории озуқа, махсусан маҳсулоти қаннодӣ, нуқтаҳои тиҷоратӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дастур дода шуд. Ба гуфтаи Н. Бояков, чунин чорабиниҳо аз ҷониби мутахассисони марказ пайваста гузаронида мешаванд ва онҳо барои пешгирӣ намудани пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии гуногун мусоидат мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






