Соҳиби киштии туркӣ: «Мо гумон доштем, ки ин киштии НАТО аст»
Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Соҳиби киштии туркӣ (киштии моҳидорӣ) ба «CNN Turk» гуфт, ки ҳангоми ҳодиса дар баҳри Эгей киштии туркӣ дар масофаи 2 км дур аз киштии Русия қарор дошт.
«Мо дар масири худамон ҳаракат доштем ва намедонистем, ки ин киштии Русия аст. Мо гумон доштем, ки ин киштии НАТО аст. Тақрибан соати 8:30 мо аз назди он гузаштем. Мо тирпаррониро нашунидем», — нашрияи «Hurriyet» капитани киштиро бо номи Музаффар иқтибос меорад.
Ба гуфтаи Музаффар, ҳайати киштӣ сабти видеоии саҳни киштиро барои санҷиш супоридааст.
Ин ҳодиса миёни киштии посбоникунандаи Русия «Сметливый» ва киштии моҳидории Туркия субҳи 13-уми декабр ба амал омад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






