Сокинони Шаҳринав қабули Қонунро дастгирӣ мекунанд
Шаҳринав, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Сокинони ноҳияи Шаҳринав қабули Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро самимона ва бо хушнудӣ пазируфтанд,- иброз дошт раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Сатторов.
Қабули қонуни мазкур саривақтӣ ва хеле арзандаву зарурӣ буд, зеро хизматҳои содиқонаву софдилонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кулли соҳаҳои зиндагӣ, аз ҷумла иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ шоёни таҳсину офаринҳост. Ин абармарди майдони сиёсат, бо сиёсати дурусту оқилонааш мамлакатро аз бӯҳрони шадиди ҷангу хунрезӣ берун овард, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати сулҳпарвару дорои тамаддуни куҳан муаррифӣ намуд. Боиси хушнудист, ки чандин ташаббусҳои Тоҷикистонро СММ дар ҳалли масоили оби тоза ҷонибдорӣ намуд. Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистон ба сӯи ояндаи дурахшон ва рӯ ба рушд қадамҳои устувор мегузорад. Қабули қонуни мазкур барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, боз ҳам муттаҳидтар гардидани миллати тоҷик ва рушди тамоми соҳаҳои зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






